Категории раздела

Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
Ҷавонон
Сиёсат
Иқтисод
Ид ва Чорабиниҳо
Адабиёт ва Фарҳанг
Илм ва Дониш
Фарҳанг
Фарҳанг
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
Мухочирон
Ҷомеа
Ҷомеа
Варзиш
Минтақа
Минтақа
Ҷаҳон
Ҷаҳон
Новости
Спорт
Экономика
Энергетика и Промышленность
Политика
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
Проишествия
Праздники /Мероприятие
Наука
Образование
Международные
Отношения
Мигранты
Hi-Tech
Транспорт
Здравоохранения
Образование
Культура
Безопасность
Новости Сайта
Новости и Поздравления

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

3.144.212.145

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5915
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » 2012 » Январь » 2 » Қатли «Бобои барфӣ» дар Душанбе
18:27
Қатли «Бобои барфӣ» дар Душанбе

Қатли «Бобои барфӣ» дар Душанбе

Гурӯҳе аз ҷавонони Душанбе дар шаби Соли нав шахсеро, ки либоси "Бобои барфӣ”–ро дар бар дошт, ба қатл расониданд.

Маҳмадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба РО гуфт, ин гурӯҳи ҷавонон ба сокини кӯчаи Синои пойтахт Парвиз Давлатбеков дарафтода ба ӯ чанд корд задаанд. Баъд аз интиқол ба бемористон, Парвиз Давлатбекови 24-сола даргузаштааст.

Маҳмадулло Асадуллоев,
сухангӯи Вазорати умури дохила мегӯяд, ки ҳоло се тан аз ин афрод, ки яке аз онҳо донишҷӯи соли саввуми Донишгоҳи миллӣ мебошад ҳамчун гумонбар боздошт шудаанд: «Гумонбаршудагони ҳамла ба «Бобои барфӣ», донишҷӯи соли саввуми донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шараф Давлатов бо ҳамроҳии ду рафиқаш  Фаррух Самиев ва Фирӯз Нарзуллоев буда ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатии вазорати умури дохилӣ ба сар мебаранд.»

Хешовандони Давлатбеков мегӯянд, ки бар асари ҷароҳатҳои вазнин, рӯзи дигар Парвиз дар беморхона ҷон дод ва ҷасади ӯро ба Бадахшон интиқол доданд.


Ба қавли хешовандон, Парвиз Давлатбеков ҷомаву кулоҳи "Бобои барфӣ” дар тан ҳамроҳи се нафар аз дӯстонаш барои таҷлили Соли нав аз маҳаллаи Синои пойтахт мехост барои табрики мардум ба ҷойҳои серодам биравад. Аммо дар роҳ бо гурӯҳи ҷавонон дучори муноқиша мешаванд, ки дар натиҷа бо чандин зарбаи корд ба беморхона интиқол дода мешавад.


Парвиз Давлатбеков ҳамчун иқтисоддон дар намояндагии яке аз ширкатҳои Аудити байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе фаъолият мекард.


Наздикони Парвиз мегӯянд, ки афроди ҳамлавар ба Парвиз ҳудуди сӣ нафар будаанд, ки аслан либоси «Бобои барфӣ» дар тани ӯ хушашон наёмадааст. Бо вуҷуди он, ки Парвиз Давлатбеков ба онҳо мефаҳмонад, ки Соли нав асту вай  барои табрики хешовандонаш меравад, гуруҳи ҷавонон, ки  дар миёнашон талабаҳои мактаб низ будаанд, ба ӯ бо ханҷар ҳамла мекунанд.


Рустами Ҷонӣ,
сардабири радиои «Имрӯз», ки аз наздикони Парвиз Давлатбеков ҳаст, мегӯяд, ки ин ҳодиса дар даромадгоҳи манзили зисти Парвиз дар кӯчаи Сино рух додааст: «Ин гуруҳ аз 24 то 30 нафар будаанд. Ба онҳо сару либоси «Бобои барфӣ»-и Парвиз хуш намеояд ва бо ҳамин муноқиша сар мезанад, ки се зарбаи корд ба Парвиз мезананад. Яке аз рагҳои меъда бурида мешавад, духтурҳо натавонистанд илоҷе кунанд ва ӯ дар беморхона ҷон дод. Лекин ин гуруҳи авбош пас аз ин ҳодиса боз зургӯиву таҳқири мардумро дар дигар маҳаллаҳои шаҳр идома медиҳанд.»

Ҳодисаи мазкур дар маҳалле рух дод, ки дуртар аз он Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино қарор дорад.


Маҳмадулло Асадуллоев
аз як ҳодисаи даҳшатноки дигар дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт хабар дод, ки дар соатҳои наздик ба фарорасии Соли нав ба вуқӯъ пайвастааст.

Ба қавли ҷаноби Асадуллоев, як корманди идораи гармидиҳии шаҳрро аз даромадгоҳи манзили зист пайдо мекунанд, ки бо гардани бурида хобида буд:
 «Пас аз корҳои ҷустуҷӯӣ маълум шуд, ки ба ин ҷинояти мудҳиш Ринат Грапов, ки соли 2007 ба ҳабс кашида шуда буд, даст задааст. Вай корманди Шабакаи гармидиҳии шаҳр Алесандр Слезнёвро бо корд ҳафт зарба дар шикаму қафаси сина ва гарданаш зада мехост фирор кунад. Ҳоло ӯ дар боздоштгоҳ аст ва парвандаи ҷиноии ӯ таҳқиқ мешавад.»

Навбатдорони шӯъбаҳои умури дохилаи шаҳр ва баъзе аз сокинони пойтахт хабар медиҳанд, ки шаби 31-уми декабр ба якуми январ чанд тан аз сокинонро, ки аксарашон ҷавон ҳастанд, бо ҷароҳатҳои мухталиф ба беморхонаҳои шаҳр оварда шудаанд.


Бо вуҷуди ин, ки мақомоти қудратии кишвар дар рӯзҳои омодагӣ ба Соли нави мелодӣ интиқоли маводи оташбозиро манъ карда буданд, дар лаҳзаи ворид шудани Соли нав, тақрибан аз тамоми гӯшаҳои шаҳр садои таркишу  шӯълаҳои оташбозӣ шунидаву дида мешуд.


Зимнан раиси Шурои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода дар суҳбат бо расонаҳо таҷлили Соли нави мелодиро як расми бегона ва хилофи дини ислом шарҳ дода даъват кард, ки аз он таҷлил накунанд. Вале аксари мардуми Тоҷикистон ин идро бо иштиёқ  истиқбол карданд. Ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ дар лаҳзаи фарорасии Соли нав аз тариқи телевизиони кишвар мардумро табрик намуд.
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 2588 | Добавил: jurnal-vahdat | Теги: Қатли «Бобои барфӣ» дар Душанбе, гузоришот, ахборот, jurnal-vahdat, tajikistan, новости, хабархо, news, 2012 | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar