Категории раздела

Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
Ҷавонон
Сиёсат
Иқтисод
Ид ва Чорабиниҳо
Адабиёт ва Фарҳанг
Илм ва Дониш
Фарҳанг
Фарҳанг
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
Мухочирон
Ҷомеа
Ҷомеа
Варзиш
Минтақа
Минтақа
Ҷаҳон
Ҷаҳон
Новости
Спорт
Экономика
Энергетика и Промышленность
Политика
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
Проишествия
Праздники /Мероприятие
Наука
Образование
Международные
Отношения
Мигранты
Hi-Tech
Транспорт
Здравоохранения
Образование
Культура
Безопасность
Новости Сайта
Новости и Поздравления

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

3.135.183.89

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5915
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » 2009 » Декабрь » 31 » ОЁ МЕДОНЕД, ҶАҲОНПАҲЛАВОН БО ТАКСИРОНӢ ҚАҲРАМОН ШУД?
11:39
ОЁ МЕДОНЕД, ҶАҲОНПАҲЛАВОН БО ТАКСИРОНӢ ҚАҲРАМОН ШУД?

ОЁ МЕДОНЕД, ҶАҲОНПАҲЛАВОН  БО ТАКСИРОНӢ ҚАҲРАМОН ШУД?

Дорандаи медали биринҷии Бозиҳои Олимпӣ паҳлавон Расул Боқиев, ки имрӯзҳо дар Русия аст, дар сӯҳбати телефонӣ бо падараш - варзишгари номдори Тоҷикистон Худоназар Боқиев изҳор доштааст, ки дигар майли ба Тоҷикистон баргаштан надорад, зеро, ба гуфтаи ӯ, масъулони варзиши кишвар дар тӯли ҳафт моҳ пас аз мусобиқаи Олимпиадаи Чин боре ҳам аз ӯ ёд намекунанд ва умуман ба ӯ хушбин нестанд.- Фарзанди ман Расул, - гила мекунад падари паҳлавон Худоназар Боқиев, - дар мусобиқаи ҷаҳонӣ қаҳрамонӣ нишон дод ва ба туфайли ин қаҳрамонӣ дар миёни 205 давлати ҷаҳон парчами Тоҷикистонро бараф-рохтанд, ки ифтихори ҳар тоҷикистонист. Вале ӯ дар ватани худаш беқадр аст, касе аз мақомдорон ӯро суроғ намекунад, намепурсад, ки чи ҳол дорад.

Овозаи тарки Тоҷикистон кардани Расул Боқиев дар Душанбе моро ба бошгоҳи Худойназар Боқиев, ки дар даромадгоҳи шаҳраки Сомонӣ - маркази ноҳияи Рӯдакӣ воқеъ аст, овард. Расул дар ҳамин бошгоҳ таҳти сарпарастии падараш чемпиони бисёркаратаи Тоҷикистон Худоназар Боқиев тарбия дидааст.

ОЁ МЕДОНЕД, ҶАҲОНПАҲЛАВОН БО ТАКСИРОНӢ ҚАҲРАМОН ШУД? 

Расул Боқиев дар Бозиҳои 29-уми Олимпӣ дар Пекин соҳиби мартабаи паҳлавонӣ ва бо дарёфти медали биринҷӣ барои иштирок дар Бозиҳои баъдии Олимипӣ дар соли 2012 роҳхат гирифт. Худоназар Боқиев мегӯяд, Расул пас аз анҷоми Бозиҳои Олимпӣ чанд муддат дар Тоҷикистон буд. Аз оғози соли нав ҳама кишварҳо ба машқу тарбияи иштирокчиёни Олимпӣ оғоз карданд ва Худоназар Боқиев ба мақсади таваҷҷӯҳ ва ширкати Расул дар Бозиҳои навбатии Олимпӣ ба унвони Куми-таи Миллии Олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номаи расмӣ супурдааст. Вале ба гуфтаи худаш, то имрӯз аз онҳо посухе дарнаёфтааст.

Худоназар Боқиев мегӯяд, Расул чун дидааст дар ин ҷо касе аз масъулон ба ӯ та-ваҷҷӯҳ намекунад, ду моҳ пеш ба Русия рафта таҳти раҳбарии мураббиёни варзидаи ин кишвар машқ мекунад. Вале то имрӯз масъулони варзиши Тоҷикистон ӯро напурсидаанд ва дар ҷавоби номаҳояш низ посухе нагирифтааст. Муносибати сарди масъ-улони Кумитаи Олимпӣ ва ба хусус, раҳбарони Федератсияи Дзю-доро хеле пештар ҳис карда будем. Ба ҳамин сабаб Расул ба падараш изҳор кардааст, ки дигар ба Тоҷикистон барнамегардад.

Масъалаи ранҷиши Расул ва хонаводаи паҳлавонон Боқиевҳо гуфтаҳои зиёд дорад, ки мо онҳоро дар поён муфассалтар баён мекунем. Вале дар оғоз барои дарки бештари масъала сӯҳбатро аз оғози роҳи паҳлавонии ин хонадон шурӯъ мекунем.

САРГУЗАШТИ ТАЛХИ ПАДАРИ ХОНАДОН

Падари ин хонадон ва сарсилсилаи паҳлавонон Худойназар Боқиевро зиндагии пурпечутобе насиб шудааст. Вай соли 1951 дар деҳкадаи Хонақоҳи Кӯҳии води Ҳисор ба дунё омадааст. Ҷанги хонумонсӯзи Ҳитлери олмонӣ (1941-45) ба хонаводаи Худоназари хурдсол осеби марговар расондааст. Аз шавҳари модараш, ки ба ҷанг рафта буд, "хатти сиёҳ" омадааст. Модари бечора, ки бо се духтар ва падари пираш зиндагӣ мекардааст, наметавонад бори душвори зиндагиро ба осонӣ бикашад. Падари пир ба мақсади раҳондани наберагонаш аз марг духтарашро дубора ба шавҳар медиҳад. Ва аз ин издивоҷ Худоназар ба дунё меояд. Аммо дере нагузашта шавҳари модараш, ки дар асорат будааст, зинда ба Хонақоҳи Кӯҳӣ бармегардад ва шоҳиди он мешавад, ки занаш ба каси дигарро шавҳар кардааст. Пирони деҳа ба падари Худоназар пешниҳод мекунанд, ки аз занаш ҷудо шавад, зеро шавҳараш, яъне падари се духтари хурдсол аз ҷанг баргаштаву талаби занашро кардааст. Падари Худоназари тозабадунёомада ноилоҷ аз занаш ҷудо мешавад. Худоназари хурдсолро бобояш, ки ҳамон давра 80 сол умр доштааст, ба тарбияи худ мегирад. Пирамарди кӯҳансол, ки посбони масҷиди деҳа будааст, аз тарси марг ва бесоҳиб мондани наберааш, ӯро пас аз се-чор сол ба чӯпони туркзабоне медиҳад. Ин чӯпон Ғоибназар ном доштааст, ки бо занаш танҳо ба сар мебурдааст ва чанд сол боз бефарзанд будаанд.

Дере нагузашта чӯпони ҳарҷогард Худоназари хурдсолро аз Хонақоҳи Кӯҳӣ бо худаш ба деҳае бо номи Қамашӣ дар Туркманистон мебарад, ки пас аз марги зудраси бобояш дигар ному ёди ин писараки шӯрбахт аз Хонақоҳи Кӯҳӣ гум мешавад. Модари бечорааш пеш аз марги падараш аз ӯ дар куҷо будани Худоназари хурдсолро мепурсад ва пирамарди ночор асли воқеаро ба ӯ мегӯяд. Дигар гиряву афғони модар фоидае надошт.

Хонадони Ғоибназар дар Туркманистон пас аз панҷ соли тарбияи Худоназар соҳиби ду писари дугоник мешаванд, ки онҳо ин хушбахтиро ба пойи қадами Худоназар нисбат медиҳанд.

Паҳлавони рустампайкар Худоназар Боқиев дар бораи зиндагии талхаш дар хонадони чӯпони туркманистонӣ сӯҳбат кардан намехоҳад ва ман ҳам нахостам, ки ӯ дубора рӯзгори талхи аёми бачагиашро ба ёд биёрад.

- Ман аз чӯпон дар бораи аҷдоду аҳволи хонаводаи мушкилзадаи худ ҳамин қадар шунида будам, ки онҳо аз Хонақоҳи Кӯҳиянд, - ба нақли рӯзгори баъдиаш идома медиҳад паҳлавон. - Ёди ёру диёр, ватан, номуси миллӣ маро соли 1967 ба Тоҷикистон овард. Вале дар бораи падару модарам ва дар куҷо будани онҳо чизе намедонистам, ҳатто намедонистам, ки онҳо кистанд. Дар давраҳои аввали ба Тоҷикистон омаданам, ки хеле ҷавон будам, одату русуми бегона доштам, атрофиён гоҳе туркман ва гоҳи дигар узбакам мехонданд. Ягона ёдгори хубе, ки аз Туркманистон доштам, ин омӯхтани забони модарӣ ва баъзе одатҳои миллӣ аз коргарони мавсимии ҳаммилатам дар зовуту фабрикаҳои Туркманистон буд. Ман, ки он давра хурдсол будам, зуд-зуд ба назди онҳо мерафтам, барояшон чой меҷӯшондам, бо онҳо сӯҳбат мекардам. Пас аз бозгашт ба Тоҷикистон, базудӣ одату русуми миллатамро ёд гирифтам. Доштани шиноснома бо насаби миллати бегона низ бароям мушкили зиёд овард, атрофиён бегонаам мехонданд, масъулон ҳам аз ман ибо мекарданд. Баъдтар инро низ ислоҳ кардам…

Худоназар Боқиев дар Техникуми тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон таҳсил карда ва базудӣ ному шӯҳрати паҳлавониаш саросари кишварро фаро мегирад. Вай шурӯъ аз соли 1967 то 2003 дар навъҳои гуштии Самбо, Дзю-до ва Гуштии миллӣ ва дар вазни мутлақ 15 навбат ба унвони Чемпиони Тоҷикистон сазовор шудааст. Ва дар 13 мусобиқа ва чемпионатҳои Шӯравии собиқ низ ширкат карда, унвонҳои баландро соҳиб шудааст.

- Соли 2003, - бо табассум ҳикоят мекунад паҳлавон Худоназар - фарзандонам маро аз майдон "хориҷ" карданд. Писаронам Алишер, Рустам, Ҳаким ва Расул, ки ҳар чораш соҳиби унвонҳои баланди паҳлавонӣ ҳастанд, дар як мусобиқаи калони мардумӣ дар деҳкадаи Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ майдондорӣ карда, ҳама паҳлавононро мағлуб карданд. Мардум гуфтанд, ки дигар касе нест, ки ба онҳо мусобиқа кунад ва бояд ман бо онҳо майдондорӣ мекардам. Ман либоси паҳлавонӣ пӯшида ба майдон баромадам ва гуфтам: - Акнун, ки фарзандони ман майдони паҳлавонии кишварамро соҳиб шудаанд, расман аз ин ба баъд дигар майдондорӣ намекунам. Ман қарзи падариамро хуб иҷро кардам ва пас аз ин шарафи паҳлавонӣ насиби онҳо бод!

ХОНАДОНИ ПАҲЛАВОНОН

Алишер Боқиев - фарзанди калони хонадон Чемпиони бисёркаратаи Тоҷикистон аст, дар навъи Гуштии миллӣ чемпиони Осиё ва нахустин тоҷикест, ки дар Чемпионати Осиё дар Муғулистон дар гуштии Дзю-до соҳиби медали нуқра шудааст. Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон аст ва дар навъи гуштии Самбо низ унвону мартабаҳои баланд дорад.

Рустам Боқиев - фарзанди дигари Боқиев ҳануз дар 17-солагиаш дар Бозиҳои тобистонаи Олимпии Атланта дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иштирок кардааст. Вай дар мусобиқаи кишварҳои Осиёи Ғарбӣ дар Теҳрон соҳиби мартабаи чемпионӣ, дар мусобиқаҳои Осиё соҳиби ҷойи панҷум, дар мусобиқаи Бозиҳои Осиёи Миёна соли 2003 дар Душанбе дар ду навъи гуштӣ Дзю-до ва Гуштии миллӣ соҳиби медали тилло шудааст. Ӯ Чемпиони бисёркаратаи Тоҷикистон, соҳиби унвони Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон аст.

Ҳаким Боқиев - фарзанди севвуми хонадон, ба гуфтаи падараш дар кӯдакӣ бемор шуда буд ва каме заъфи ҷисмонӣ дорад. Боз ҳам чун аз хонадони паҳлавонон аст, ҳамеша дар мусобиқаҳои паҳлавонӣ ширкат мекунад ва чанд навбат дар навъи гуштии Дзю-до ва Гуштии миллӣ соҳиби унвони Чемпиони Тоҷикистон ва унвони Устоди спорти Тоҷикистон шудааст.

Ва ниҳоят, Расул Боқиев ҳанӯз дар сини 14-солагиаш мукофоти ба номи ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимовро соҳиб шуда буд. Соли 2005 дар мусобиқаи навъи Гуштии миллӣ бо ширкати 60 кишвари ҷаҳон дар Тошканд бародарон Рустам ва Расул дар вазнҳои мухталиф дар гуштии Кураш соҳиби мартабаи Чемпиони ҷаҳон шуданд.

Гуштии Самбо ва Гуштии миллӣ аз навъи мусобиқаҳои олимпӣ нестанд. Аммо гуштии Дзю-до аз навъи бозиҳои олимпӣ мебошад. Расул дар Италия дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар навъи Дзю-до соҳиби мартабаи чемпионӣ, дар Венгрия мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон соҳиби медали тилло шуд. Дар мусобиқаи Шоҳҷоми ҷаҳон дар Олмон соҳиби медали нуқра ва дар мусобиқаи дигаре боз ҳам дар Олмон медали биринҷӣ, дар мусобиқаҳои Осиё ду бор соҳиби медали биринҷӣ ва як навбат соҳиби медали нуқра шудааст. Расул соли 2007 дар Чемпионати ҷаҳон дар Бразилия боз ҳам дар навъи Дзю-до соҳиби медали биринҷӣ ва роҳхат ба бозиҳои Олимпӣ шуд, ки ин яке аз дастовардҳои муҳими ӯ ва тамоми варзишгарони тоҷик буд.

Расул Боқиеви 26-сола рӯзи 11-уми августи соли 2008 дар мусобиқаи Бозиҳои Олимпӣ дар шаҳри Пекин дар гуштии Дзю-до дар навбати аввал 5 паҳлавони машҳури ҷаҳонро мағлуб кард, вале дар навбати охир дар мусобиқа бо паҳлавони Кореяи Ҷанубӣ дар натиҷаи огоҳӣ мағлуб дониста шуд ва медали биринҷӣ гирифт. Ба навиштаи баъзе аз коршиносон дар ин мусобиқа дар ҳаққи Расул Боқиев аз тарафи як доваре қасдан огоҳӣ эълон шудааст, ки ҷабри бузурге ба ин паҳлавон хонда шудааст.

ГИЛАИ ПАДАРИ РАСУЛ -

ЧЕМПИОНИ ЧАНДКАРАТАИ ТОҶИКИСТОН

- Вақте ки бародарон Рустам ва Расул дар Тошканд дар навъи Гуштии Миллӣ соҳиби унвони Чемпиони Ҷаҳон шуданд, - гила мекунад падари паҳлавонон Худоназар Боқиев, - роҳбарони Тоҷикистон онҳоро ҳатто бо як даста гул шодбош нагуфтанд. Ва дар Бозиҳои 29-уми тобистонаи Олимпӣ дар Пекин, ки роҳбарони Тоҷикистон низ иштирок доштанд, Расул ба унвони дорандаи медали биринҷӣ ба тахти қаҳрамонӣ баромад. Вале ҳатто пас аз он ки парчами кишварамонро ба шарафи паҳлавонии Расул боло бардоштанд, касе аз онҳо ба табрики Расул наомад. Раиси ҳамонвақтаи Кумитаи Олимпии Тоҷикистон, ки низ дар мусобиқа ширкат дошт ва чун анъана бояд ҳангоми боло бардоштани парчами Тоҷикистон дар ин маросим иштирок мекард, ба майдон наомад.

Танҳо касе, ки ҳангоми барафроштани парчами 4 кишвари ҷаҳон ва тақдими гулдастаҳои табрикӣ ба ғолиби ҷои аввал ва ҷоизадорон ба назди Расул омад, Илҳом Алиев - раиси ҷумҳури Озарбойҷон буд. Илҳом Алиев, - ба нақл аз забони Расул мегӯяд падараш, - пас аз тақдими дастагуле ба забони шевои форсии тоҷикӣ ба Расул гуфтааст, ки "Шумо беҳтарин паҳлавон ҳастед, Шумо бузургтарин паҳлавон ҳастед, Шумо сазовори ҷои аввал будед". Воқеан Расул дар як мусоҳибааш дар матбуоти русӣ аз ин самимият ва меҳрубонии Илҳом Алиев бо эҳтиром ёдовар шудааст.

- Аз Бозиҳои Олимпии Чин ҳафт моҳ гузашт, - ба сӯҳбат идома медиҳад Худоназар Боқиев, - ва кишварҳои ҷаҳон барои иштироки варзишгаронашон дар Бозиҳои Олимпии соли 2012 дар Британия хеле барвақт омодагиро оғоз кардаанд. Вале дар Тоҷикистон ҳафт моҳ аст Расулро касе намепурсад. Ман пештар ба унвони Кумитаи Миллии Олимпӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таваҷҷуҳ карданашон ба иштироки минбаъдаи Расул дар Бозиҳои соли 2012-и Олимпӣ номаи расмӣ супурдам, аммо то ҳол аз онҳо ҷавобе нагирифтаам.

Расул Боқиев чанд моҳ аст, ки дар Русия таҳти раҳбарии устоди варзида Владимир Елчанинов дар бошгоҳи "Самбо-70"-и шаҳри Маскав машғули машқ аст ва дар вақтҳои холӣ кор мекунад.

- Ман дар ҳафтавори русизабони "Азия-Плюс", - мегӯяд Худоназар Боқиев, - хондам, ки раҳбарони Кумитаи варзиш гуфтаанд барои иштироки Расул дар Бозиҳои Олимпии Чин 200 ҳазор доллар сарф кардаанд. Агар, - мегӯяд Боқиев, - аз тарафи журналистони ин ҳафтанома дар ин ҳисоб ғалате содир нашуда бошад, пас дурӯғи маҳз аст. Зеро ман ба унвони варзишгар метавонам бигӯям, ки барои рафтуомад, ҷойи хоб ва ғизои Расул дар ин мусобиқа аз 20 ҳазор доллар бештар сарф намешавад. Мураббиаш Елчанинов низ дар нашрияи "Спорт-Варзиш" раддияе навишта гуфта буд, ки ин маълумот дурӯғ аст. Ва аз тарафи дигар, Кумитаи Олимпии ҷаҳон барои иштироки варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқаҳои Олимпӣ маблағи муайян ва барои иштирокчиён, аз ҷумла Расул кӯмакхарҷие ба миқдори 600 доллар дар моҳ ма-ош медод, ки Кумитаи Олимпии Тоҷикистон 500 доллари онро нигоҳ дошта, ба Расул танҳо 100 доллар медод. Расул дар давраи омодагӣ ба Олимпиада таксиронӣ карда, барои сарфу харҷи машқи худ ва ҳаққи зали машқгоҳ пул кор мекард.

- Воқеаи дигари ҳайратовар низ вуҷуд дорад, - идома медиҳад Боқиев. - Ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ ба номи Расул ҳисоби бонкӣ кушода пул ҷамъ меовардааст. Пас аз он ки мо аз ин "ғамхорӣ" огоҳ шудем, ман аз муовинони раиси ҳукумати ноҳия ин масъаларо пурсидам, онҳо гуфтанд, ки аз ин кор хабар надоранд, вале раиси ноҳия Мансур Қодиров маро барои даромадан ба наздаш иҷозат надод. Дигар мо аз ҳисоби бонкӣ ва пули он хабаре надорем.

Воқеан, кӯмаке, ки аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон ба мо расидааст, ин аст, ки охири соли гузашта барои Расул ҳафт ҳазор сомонӣ ва барои ман панҷсад сомонӣ доданд.

- Фарзандони ман, - бо муҳаббат мегӯяд паҳлавон Худойназар Боқиев, - дар мусобиқаҳои гуногун иштирок карда, ному ифтихори миллатамонро ба қадри паҳлавонии худ боло бурдаанд. Вале то ҳол ҳукумат ба фарзандони паҳлавони ман, ба муррабии онҳо, ки ман ҳастам, боре ҳам изҳори ташаккур нагуфтааст. Ман дар ҳеҷ навори телевизионӣ ва саҳифаҳои матбуот ифтихори раҳбаронро аз пешрафту мувафақиятҳои фарзандонам ё худам надидаам ва нахондаам. Ман барои ватанам, барои номи миллатам кишвари тарбиядидаамро тарк карда, ба Тоҷикистони азизам омадам ва дар соҳаи варзиш соҳиби обрӯву эътибор шудам. Ва фарзандонам ҳам бо номи ватан ва миллати худ парчамбардорӣ мекунанд. Вале чаро баъзеҳо ба мо беэътиноӣ мекунанд, барои ман номаълум аст.

Худойназар Боқиев дар даромадгоҳи шаҳраки Сомонӣ - маркази ноҳияи Рӯдакӣ як бошгоҳе дорад, ки ҳамасола шогирдони зиёдеро дар он ҷо тарбия ва ба воя мерасонад. Вай ҳамзамон бо зану фарзанд ва чанд наберааш дар як хонаи ҳамин бошгоҳ зиндагӣ мекунад. Вале ӯ дар бораи мушкили ҷойи зист ва камбуди иқтисодӣ барои бошгоҳаш ҳарф намезанад. Худоназар Боқиев дар як хонаи хурди ин бошгоҳ музей ташкил кардааст, ки хеле тамошобобу диданист. Дар ин даргоҳ шурӯъ аз радиоҳо ва самоворҳои қадимие, ки дар солҳои пешин ӯ барои ғолибияташ гирифтааст, то меда-лу мукофоти бешумори фарзандони паҳлавонаш, маҷаллаву рӯзнома, санаду аксҳои мухталифи паҳлавонони тоҷик, сару либоси варзишии давраҳои гуногуни худу фар-зандонаш хеле бомаҳорат ва устокорона ба тамошо гузошта шудаанд. Аммо, ба гуф-таи худаш, хунукназарӣ ва нохушбинии баъзе аз роҳбарони сатҳи болову поёни ҳукумат онҳоро озурдаву навмед кардааст.

Ҳангоме ки ин мақола таҳия мешуд, рӯзи 2-вуми март ман ба мақсади шунидани нуқтаи назари масъулони варзиши кишварамон борҳо ба онҳо занг задам. Пас аз се-чор навбати занг задан ба Маликшо Неъматов - раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ӯ ҳамзамон ноиби раиси Кумитаи Миллии Олимпии Тоҷикистон аст, котибааш Шаҳноз Самиева дар анҷоми рӯзи корӣ гуфт, ки раис боз ҳам ба маҷлис рафтааст.

Ширинҷон Маҳмадсафоев - яке дигар аз ноибони раиси Кумитаи Миллии Олимпии Тоҷикистон пас аз нимаи рӯз бо телефони дастиаш ба мо овоз рӯшан кард, вале гуфт, ки ҳоло маҷлис дорад ва баъдтар занг занам. Мутаассифона, дигар посухгӯи электронии телефони эшон мегуфт, ки "соҳиби теле-фон дар ҷойи дастнорас қарор дорад".

Аммо кормандони Кумитаи Миллии Олимпии Тоҷикистон дар чанд навбат гуфтанд, ки масъулон дар пайи кору боранд ва сухангӯи маркази мат-буот низ аз пайи кор берун рафтааст. Ҳамчунин раиси Федератсияи Дзю-до Нурулло Лоиқовро низ пайдо карда натавонистем, зеро ҳуҷраи кориаш зери тармим аст ва ӯ ҳоло дар ин ҷой нест.

Категория: Варзиш | Просмотров: 2440 | Добавил: DIGU1991 | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar