Категории раздела

Ватан [1]
Модар [1]
Дуст [3]
Шеърхои ошикона [4]
Шеърхои ошики
Наврузи [5]
Шеърхои Наврузи

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

18.117.76.7

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5915
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » Статьи » Шеърҳо » Шеърхои ошикона

Нигоҳат мекунам нигоҳ надорӣ. (Шеърхои ошикона)
Нигоҳат мекунам нигоҳ надорӣ. 
 Ошиқат манам парво надорӣ. 
 Ошиқ ба туӣ бепарво шудам, 
 Дар ишқи ту месузаму хабар надорӣ.

***************************

Овози туро зи сад ҷаҳон мешунавам. 
 Бо гӯшу дилу гӯши ҷон мешунавам. 
 Овози ту гар зи боғи гулҳо ояд, 
Аз байти садои булбулон мешунавам.

**************************

Аз куча гузар ман аз барои ту кунам.
 Назарро ба чашмони сиёҳи ту кунам. 
Дидам,ки миёни сад кас нишастаи,
Сад касро салом ман аз барои ту кунам.

*************************

Садои ту садои нозу роз аст,
 Аҷиб аст, пурнаво аст, ҳамчу соз аст. 
 Даво аст баҳри дардҳо байни шабҳо, 
 Ором аст мисли баргҳо дар саҳарҳо. 
 Равон ҳамчу дарё дар гулистон, 
 Аз ин зебогиаш ман гашта ҳайрон. 
 Туро лоиқ шавад ошиқ - *******

*************************

Ҳусни ту саргарми савдои дилам бошад, 
 Тани зебои ту дар мавҷи дарёи дилам бошад.

*************************
Ман ба номат борҳо шеър гуфтаам, 
 Умри худро баҳри ту бахшидаам. 
 Номи ту илҳомбахши қалбҳост, 
Исми ту андар дилам бинвиштаам.
 Сайри гулҳо рафтаам бо ёди ту, 
 Аз сафар баҳрат гуле овардаам.

*************************

Маро ҳар дам хаёле мебарад сӯят, 
 Умедам тоза гашт аз мӯю абрӯят. 
 Намедонам чи бошад ин ҳама орзу, 
 Илоҳо баргузида бар ту орзуят. 
 Сабоҳи субҳи содиқ оварад пайғом, 
 Аз он рӯи хушу аз қалби дилҷӯят. 
 Шудаст ******* сармасти суханҳоят, 
 Хуморӣ гаштааст аз накҳати бӯят.
*************************
Шабҳо туро ёд мекунам. 
Сад доду бедод мекунам.
 Ҳолам хароб аз дасти ту, 
Андар азобаст аз дасти ту.

*************************

Ишқу армонам биё,дарду дармонам биё. 
Шудам хазон ман дар орзуят реза боронам биё.
 Куҷои мубталои як нигоҳат куҷои бандаи холи сиёҳат, 
 Бо ,ки ҳамдам шуди бо,ки нишасти, 
 Ба сабри шишаи қалбам шикасти. 
 Азизон аз ғаму дарди ҷудои ба чашмонам намонда рӯшноӣ. 
 Гирифторам ба доғи ғурбату дард, 
 На ёру ҳамдаме на ошное.

*************************
Ёди ту кунам сари забонам сӯзад. 
 Гар сабр кунам тамоми ҷонам сӯзад. 
Гар сабр кунам сабр наояд ба дил,
 Мағзам ба даруни устуғонам сӯзад.

*************************

Ҷудогиат овоза шуд,дар ин ҷахон афсона шуд. 
 Куҷо шуди ту азизам ин дилиман сад пора шуд. 
 Ман зи ғамат беморам,ишқи туро дар дил дорам, 
 Дар ёди рӯят рӯзу шаб,аз дидаам хун меборад. 
Мехостам дидори ту,чашмони оташ бори ту.
 Мехостам сӯзам даме,дар оташи гарми ту.
Категория: Шеърхои ошикона | Добавил: DIGU1991 (14.03.2012)
Просмотров: 16830 | Комментарии: 1 | Теги: Шеърхои ошикона, надорӣ, Нигоҳат, нигоҳ, мекунам, new, Шеърхои, 2012, ошикона | Рейтинг: 4.1/73
Всего комментариев: 1
avatar
0
1 oshiqi beoshiq • 17:10, 06.03.2013
Азизам рад карди ман накардам
Зади ханчар ба чонам дар накардам
Зади оташ миёни дусту душман,
Чудогиро ту карди ман накардам

Ишк савдои сари бозор нест
Ишк мухточи пули касдор нест
Ишк одамро чигархун мекунад
Рости аз акл берун мекунад
ComForm">
avatar