Категории раздела

Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
Ҷавонон
Сиёсат
Иқтисод
Ид ва Чорабиниҳо
Адабиёт ва Фарҳанг
Илм ва Дониш
Фарҳанг
Фарҳанг
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
Мухочирон
Ҷомеа
Ҷомеа
Варзиш
Минтақа
Минтақа
Ҷаҳон
Ҷаҳон
Новости
Спорт
Экономика
Энергетика и Промышленность
Политика
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
Проишествия
Праздники /Мероприятие
Наука
Образование
Международные
Отношения
Мигранты
Hi-Tech
Транспорт
Здравоохранения
Образование
Культура
Безопасность
Новости Сайта
Новости и Поздравления

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

18.188.61.223

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5915
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » Сиёсат
« 1 2 3

Интихобот баргузор шуд. Чӣ гуна?

Ҳузури камранги мардум дар қитъаҳои раъйдиҳӣ, сандуқҳои нимахолӣ, овоз додани як тан ба ҷои чанд нафар, нарасидани даъватнома ба аксари сокинони шаҳр, ҳамзамон ворид шудани ду ва ё се нафар ба ғурфаи раъй аз бетаваҷҷӯҳӣ ва қонуншиканиҳое баршумурда мешавад, ки дар ҷараёни интихоботи порлумонии Тоҷикистон рух додаанд.

Ин амалҳоро нозирони аҳзоб, бархе номзадҳо ва раҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ дар қитъаҳои овоздиҳӣ рӯзи 28-уми феврал баён доштанд.

БЕ ДАЪВАТНОМА

Ҷавҳаршо Имматшоев, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, субҳи барвақти 28-уми феврал ба қитъаи райъдиҳӣ дар маҳаллаи "Профсоюз” омада, номи худро дар қатори раъйдиҳандагон меҷуст. Вай гуф ... Читать дальше »
Категория: Сиёсат | Просмотров: 1726 | Добавил: DIGU1991 | Дата: 01.03.2010 | Комментарии (0)

ҲНИТ: Интихобот ғайришаффоф ва ғайридемократӣ буд

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон интихоботи парлумонии 28-уми февралро ғайришаффоф ва муғойир бо меёърҳои демократӣ эълон кард.

Дар ин бора Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, дар ҳузури хабарнигорон ва аъзову ҷонибдорони ин ҳизб дар Душанбе хабар дод. Оқои Кабирӣ гуфт, нозирони онҳо дар интихоботи рӯзи якшанбе тақаллубу қонуншиканиҳои афзунро аз сӯйи мақомоти давлатии маҳаллӣ ва масъулони қитъаҳои райъдиҳӣ ошкор кардаанд.

Вай афзуд, "бояд гуфт, ки интихобот аз лиҳози ташкилӣ ва аз лиҳози фазои сиёсӣ дар шурӯъи кор дар муқоиса ба интихоботи солҳои 2000 ва 2005 пешравии мусбате дошт. Вале ҳамзамон бояд таъкид кард, ки аз нимаи дуввуми моҳи феврал фазо каме тағйир хӯрд ва мо дар фаъолият ва рафтору гуфтори ... Читать дальше »
Категория: Сиёсат | Просмотров: 2152 | Добавил: DIGU1991 | Дата: 01.03.2010 | Комментарии (0)

Дидори президент Раҳмон бо нозирони САҲА

Омодагӣ ба интихоботи порлумонии рӯзи якшанбе мавзӯъи дидори Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо гурӯҳи нозирони САҲА дар шаҳри Душанбе буд.

Дар ин мулоқот раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ин ҷумҳурӣ чун узви САҲА аз иштироки нозирони ин созмон ва созмонҳои дигари байналмилалию минтақавӣ дар интихобот истиқбол мекунад, чунки ин «ба озоду шаффоф ва демократӣ гузаштани ин маъракаи муҳими сиёсӣ мусоидат мекунад.»

Эмомалӣ Раҳмон ба нозирони САҲА гуфтааст, «ҳукумати Тоҷикистон омода аст, то бо ҳар номзад ва ҳизби сиёсӣ, ки бо иродаи мардум интихоб мешавад, ҳамкории созанда дошта бошад».

Дар торнамои расмии ... Читать дальше »
Категория: Сиёсат | Просмотров: 915 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 25.02.2010 | Комментарии (0)

Шонздаҳ миллион баргаи раъй чоп шуд

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ба тавзеъи баргаҳои райъ барои интихоботи парлумонии 28-уми феврал шурӯъ кардааст.
Мирзоалӣ Болтуев, раиси Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, муддати чанд рӯзи ахир дар чопхонаи «Шарқи Озод», мутааллиқ ба раёсати ҷумҳурӣ 16 миллион нусха баргаи раъй чоп шудааст.
Коғаз барои чопи баргаҳои райъ аз шаҳри Санкт – Петербурги Русия оварда шудааст. Ҳазинаи чопи баргаҳои раӣъ маблағи 1 миллион сомониро ташкил додааст.
Ба гуфтаи Болтуев, куллияи ин баргаҳои райъ ба манотиқи мухталифи Тоҷикистон то ду рӯзи мондан ба интихоботи парлумонӣ фиристода хоҳад шуд.
Бад ин тартиб, ҳар шахси интихобкунанда дар рӯзи интихобот панҷ баргаи раъй, яъне, баргаҳои раъйи аҳзоби сиёсӣ, номзадҳои ҳавзаҳо ... Читать дальше »
Категория: Сиёсат | Просмотров: 768 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 18.02.2010 | Комментарии (0)

Даъвати ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ

Имрӯз, 30-уми январ, соати 16:00 баъд аз зуҳри вақти Душанбе иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон баргузор мешавад. Тибқи иттилоъи дафтари матбуоти раисҷумҳур, президент Раҳмон ҳамин рӯз дар ин бора фармон содир кард.

Дар бораи сабаби даъвати ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ ва рӯзномаи кори он маълумот дода намешавад.

Дар ҳоли ҳозир, рӯзи дуввуми ҷаласаи васеъи солонаи ҳукумати Тоҷикистон зери раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, идома дорад ва интизор меравад, дар он баъзе тағйироти кадрӣ ба вуқӯъ ояд.

Дар рӯзи аввали ҷаласа раиси Додгоҳи олӣ ва додситони кулли Тоҷикистон барои камбуд ва нуқсонҳо дар фаъолияти корияшон аз ҷониби раисҷумҳур шадидан интиқод шунида буданд. Мувофиқи қонун барканорӣ ва таъини ... Читать дальше »
Категория: Сиёсат | Просмотров: 848 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 30.01.2010 | Комментарии (0)

Таъхир дар дидори номзадон бо мардум

Дар ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе сабти номзадҳо ба вакилии Маҷлиси Намояндагон ба поён расидааст. Аммо аҳзоби сиёсӣ мегӯянд, то кунун номзадҳои онҳо имкони мулоқоти мустақим бо мардумро дар пойтахт пайдо накардаанд.

Намояндагони аҳзоб иддао доранд, бо вуҷуди он ки номзадҳои онҳо сабти ном шуда ва шаҳодатномаи номзад ба вакилии порлумонро ба даст овардаанд ва ба ин тартиб, ҳаққи қонунии таблиғро соҳиб шудаанд, амалан натавонистаанд, мулоқотҳои худ бо мардумро баргузор кунанд. Зеро, мегӯянд ин номзадҳо, ҳавзаҳои инфиродии шаҳри Душанбе ҷадвали таърих ва макони баргузории мулоқотҳоро тартиб надодаанд. Дар ҳоле, ки аз сабти номи номзадҳо ҳудуди панҷ рӯз сипарӣ мешавад ва панҷ рӯзи худро дар таблиғ онҳо аз даст додаанд.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи ҲНИТ ва номзади ин ҳизб дар ҳавзаи И. Сомонии Душанбе, мегӯяд, албатта ном ... Читать дальше »
Категория: Сиёсат | Просмотров: 1289 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 24.01.2010 | Комментарии (0)

Шикояти ҲСДТ аз матлаби интиқодии "Ховар"

Мақомоти ҲСДТ мегӯянд, матлабе, ки ахиран хабаргузории давлатии «Ховар» пахш кардааст, як навъ аксултаблиғ бар зидди номзади ин ҳизб дар Бадахшон ба мақоми вакили парлумон мебошад.
Хабаргузории «Ховар» бо нашри матлабе зери унвони «Роҳе, ки ту меравӣ, ба Туркистон аст» аъзои ҳайати раҳбарии ҲСДТ ва номзади ин ҳизб дар ҳавзаи Хоруғро дар халалдор кардани иттиҳоди мардуми Тоҷикистон муттаҳам кардааст.

Марат Мамадшоев, узви раёсати ҲСДТ ва сардабири нашрияи «Азия плюс», ки номаш дар қатори ин афрод зикр шудааст, мегӯяд, чунин иқдом ба манзури костани нуфузи ҳизбаи ҲСДТ дар остонаи интихобот сурат гирифтааст.

Оғои Мамадшоев мегӯяд, «ин иттиҳомот ҳич пояи аслие надорад, мо ҳеҷ гоҳ ҷонибдори ихлол дар иттиҳоди мардум дар Тоҷикистон набудем. Аз он ҷо, ки «Ховар» я ... Читать дальше »
Категория: Сиёсат | Просмотров: 1033 | Добавил: DIGU1991 | Дата: 23.01.2010 | Комментарии (0)

Омодагиҳои Тоҷикистон ва Амрико ба машваратҳо

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва сафири Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон омодагиҳоро ба машваратҳои Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ карданд. Ин машварат дар моҳи феврали соли ҷорӣ дар Вошингтон баргузор хоҳад шуд.

Кеннет Гросс, сафири ИМА, гуфт, ки машваратҳои сиёсӣ дар Вошингтон барои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрико шароит фароҳам хоҳад кард.

Ба гуфтаи тарафҳо, мавзуоти баҳрабардорӣ аз захоири оби минтақа, иҷрои барномаҳои ниқлиёту ҳамлу нақл, сохтмони хатҳои баландшиддати барқ ба Афғонистон ва Покистон, сохтмони роҳи мошин ва оҳан, эҳдоси нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистон аз масоили матруҳа дар машваратҳои Вошингтон миёни ду кишвар аст.

Ба эътиқоди профессор Абдунабӣ Сатторзода аз Маркази пажӯҳиши стратегии назди раёсатҷумҳури Тоҷикистон, ин барномаҳо ... Читать дальше »
Категория: Сиёсат | Просмотров: 1935 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 21.01.2010 | Комментарии (0)

ТАБДИЛИ РАИСОНИ 8 НОҲИЯИ ТОҶИКИСТОН

Бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, раисони ҳашт ноҳияи кишвар иваз карда шуданд. Яке аз онҳо аз раёсат дар як ноҳия ба ноҳияи дигар интиқол ёфт. Бино бар ин дастури раисиҷумҳури То ... Читать дальше »
Категория: Сиёсат | Просмотров: 1469 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 21.01.2010 | Комментарии (0)

1-15 16-30 31-39