Категории раздела

Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
Ҷавонон
Сиёсат
Иқтисод
Ид ва Чорабиниҳо
Адабиёт ва Фарҳанг
Илм ва Дониш
Фарҳанг
Фарҳанг
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
Мухочирон
Ҷомеа
Ҷомеа
Варзиш
Минтақа
Минтақа
Ҷаҳон
Ҷаҳон
Новости
Спорт
Экономика
Энергетика и Промышленность
Политика
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
Проишествия
Праздники /Мероприятие
Наука
Образование
Международные
Отношения
Мигранты
Hi-Tech
Транспорт
Здравоохранения
Образование
Культура
Безопасность
Новости Сайта
Новости и Поздравления

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

44.202.128.177

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5915
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » 2012 » Май » 3 » Роҳиби амрикоӣ Қуръонро сӯхт
12:28
Роҳиби амрикоӣ Қуръонро сӯхт

Роҳиби амрикоӣ Қуръонро сӯхт

JURNAL-VAHDAT | 03.05.2012 | Роҳиби калисои амрикоӣ Террӣ Ҷонсон боз як нусха аз Қуръони Каримро ба оташ кашид. Ин бор вай ин амали зиддибашарии худро дар эътироз ба эълони ҳукми эъдом ба рӯҳонии эронӣ Юсуфи Нодирхонӣ, ки рӯ аз Ислом бартофтаву масеҳӣ шудааст, анҷом додааст. Ҳукми мазкур аз ҷониби додгоҳи олии Ҷумҳурии Исломии Эрон тибқи муқаррароти қонунҳои ин кишвар содир шудааст.
Роҳиб Ҷонсон чандин бор аст, ки даст ба сӯзонидани китоби муқаддаси аҳли Ислом мезанад. Соли гузашта ин амали худро ба муносибати солгарди инфиҷорҳо дар шаҳри Ню-Йорк анҷом дода буд. Мақомот ӯро барои ин амал 300 доллар ҷарима карданд, вале на барои қуръонсӯзӣ, балки барои риоя накардани қоидаҳои зиддисӯхтор.
Додгоҳи Амрико қуръонсӯзии роҳибро ҳақ эълон кард. Охири соли 2011 узви додгоҳии олии ин кишвар Стивен Брейер изҳор дошт, ки амали Ҷонс муғойир ба қонунҳои ИМА набуд, зеро он озодии амал ва баёнро нақз намекард.
Соли гузашта ҷавобан ба амали роҳиби муртади амрикоӣ дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон шахсони ношинос ба намояндагии дафтари СММ ҳамла карда, 12 нафарро ба ҳалокат расонданд, ки 7 тани онҳо шаҳрвандони хориҷӣ буданд. Он замон Ҷонс дар матбуот эълон кард, ки аз он чӣ дар Афғонистон рӯй дод, мутаассиф аст, вале бори ҳеҷ гуноҳеро ба гардан намегирад. Ҳамон сол вай ҳатто хабар дод, ки барои курсии раёсати ҷумҳурӣ дар интихоботи Амрико талош хоҳад кард, вале номзадии худро нагузошт.
Тавҳин ба муқаддасоти аҳли Ислом дар ҷомеаи имрӯзаи Амрико, як амали маъмулист ва хориҷ аз ҷазо мондани омилони ин гуна тавҳинҳову таҳқирҳо, сокинони ситезаҷӯро далертар мекунад.Чанде пеш сару садоҳое дар Афғонистон баланд шуда буданд, ки сарбозон дар пойгоҳи низомии Багром нусхаи дигари мусҳафи шарифро оташ задаанд. Ҳарчанд ин амал боиси вокунишҳои шадид шуда буд, вале то ҳол муайян нест, ки оё мақомот гунаҳгорони онро ба ҷазо кашиданд ё на.
Категория: Дин ва мазҳаб | Просмотров: 3817 | Добавил: jurnal-vahdat | Теги: га, уничтожила, Кулябе, Свыше, сельхозугодий, 300, стихия | Рейтинг: 3.6/5
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar