Категории раздела

Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
Ҷавонон
Сиёсат
Иқтисод
Ид ва Чорабиниҳо
Адабиёт ва Фарҳанг
Илм ва Дониш
Фарҳанг
Фарҳанг
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
Мухочирон
Ҷомеа
Ҷомеа
Варзиш
Минтақа
Минтақа
Ҷаҳон
Ҷаҳон
Новости
Спорт
Экономика
Энергетика и Промышленность
Политика
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
Проишествия
Праздники /Мероприятие
Наука
Образование
Международные
Отношения
Мигранты
Hi-Tech
Транспорт
Здравоохранения
Образование
Культура
Безопасность
Новости Сайта
Новости и Поздравления

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

3.141.199.243

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5915
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » 2012 » Апрель » 6 » Парлумон Ёддошти тафоҳумро ба тасвиб расонд
14:11
Парлумон Ёддошти тафоҳумро ба тасвиб расонд

Парлумон Ёддошти тафоҳумро ба тасвиб расонд

JURNAL-VAHDAT | 06.04.2012 | Душанбе, - Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо /САҲА/ дар бораи шартҳои будубоши дафтари САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон- Маҷлиси намояндагон ба тасвиб расид.

Амирхон Сафаров , муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон доир ба муносибатҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот зимни ташреҳи санади мазкур гуфт, ки Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо /САҲА/ дар бораи шартҳои будубоши дафтари САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 июни соли 2011 зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Австрия дар шаҳри Вена ба имзо расида, шартҳои будубоши дафтари САҲА-ро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.


Дафтари САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Шӯрои доимии САҲА ба фаъолият шурӯъ намуда, дар асоси санади хотимавии Хелсинки дорои иммунитет ва имтиёзҳои муайян аст.


Санади мазкур аз 20 модда иборат буда, бо мақсади қонеъ гардонидани будубоши дафтари САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои муқаррароти қарори Шӯрои доимии САҲА аз 19 июни соли 2008 ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти САҲА ба имзо расида, тибқи он Ҳукумати Тоҷикистон муваззаф аст, ки шароити мусоидро барои фаъолияти дафтари САҲА дар Душанбе фароҳам оварад ва амнияти биноҳои дафтари САҲА-ро аз ҳар гуна ҳуҷум таъмин намояд.


Мавриди зикр аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ноил гаштан ба истиқлолияти давлатӣ 2 феврали соли 1992 ба узвияти САҲА пазируфта шуда, соли 1994 дафтари САҲА дар Душанбе ифтитоҳ гардид. Дар зарфи фаъолияти дафтари САҲА дар Душанбе ин ниҳоди байналмилалӣ барномаҳои зиёде дар бахши рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ислоҳоти низоми судӣ, низоми интихоботӣ ва омӯзиши кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот ба сифати кӯмак амалӣ намудааст.

Категория: Сиёсат | Просмотров: 730 | Добавил: jurnal-vahdat | Теги: Русия», Ярмаркаи, «Маорифи | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar