Категории раздела

Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
Ҷавонон
Сиёсат
Иқтисод
Ид ва Чорабиниҳо
Адабиёт ва Фарҳанг
Илм ва Дониш
Фарҳанг
Фарҳанг
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
Мухочирон
Ҷомеа
Ҷомеа
Варзиш
Минтақа
Минтақа
Ҷаҳон
Ҷаҳон
Новости
Спорт
Экономика
Энергетика и Промышленность
Политика
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
Проишествия
Праздники /Мероприятие
Наука
Образование
Международные
Отношения
Мигранты
Hi-Tech
Транспорт
Здравоохранения
Образование
Культура
Безопасность
Новости Сайта
Новости и Поздравления

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

13.58.77.98

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5915
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » 2011 » Ноябрь » 29 » Навҳае пеши сари буридаи муҳоҷири ҷавонмарг (шарҳ)
15:54
Навҳае пеши сари буридаи муҳоҷири ҷавонмарг (шарҳ)
Навҳае пеши сари буридаи муҳоҷири ҷавонмарг (шарҳ)

bahtierrasulovИмшаб дар остонаи вуруди сари буридаи Бахтиёри гиромӣ ба меҳани бузургвораш аз ӯ ёд кардам. Ва хаймаҳои муҳоҷирин дар Афғонистон ёдам омад, хотираи 18-19 сол пеш бори дигар зинда шуд. Шабҳову рӯзҳои боронӣ, тундбоди саҳрои Ҳайратон, барфи зимистони Толиқону Майдони ҳавоии Кундуз ва ободиҳои муҳоҷирин дар Амирободу Боғи ширкат. Аз кадоме ёд кунам, ки Бахтиёри азиз миёни ин хаймаҳову ин ободиву ноободиҳо равуо дошт. Вай аз синни наврасӣ, аз он синну соле, ки мебоист мактаб мехонду савод меомӯхт, муҳоҷир шуд. Ва аз ҳамин синни наврасӣ устухонаш бо нони муҳоҷирӣ сахт шуд.

Соли 1997 қатори ҳазорҳо тан ӯ низ ба Ватан баргашт. Танҳо на, бо волидайни муҳоҷираш ба хонаи бобоӣ баргашт. Омаданд ва муддате хонаҳои сӯхтаву валангори худро таъмиру тармим карданд. Вале нашуд дар Ватан зистан. На аз он ки, амният надошт ё касе фишорашон меовард. Нашуд аз он ки, мебоист як зиндагонии инсонворона ва бошарафона медоштанд. Нони сериву пуррӣ ва хонаи гарм хостанд. Ва якҷо бо волидайн боз тӯшаи сафар омода сохтанд ва рафтанд ба Русия.

Ин ҳарфи шогирди дигари банда Тақдиршо буд, ки ду-се сол пеш мегуфт: Бахтиёр дар Санк-Петербург аст. Пурсидам: - Чӣ кор мекунад он ҷо? Гуфт: - Ронанда аст. Аммо зани рус дорад, бо духтари зебое издивоҷ карду ҳоло бо ӯ зиндагонӣ мекунад. Ва ҳамон Тақдиршо боз гуфт, ки падари Бахтиёр - Абдулғаффор низ бо ӯст, хулоса, онҳо чанд тан аз узви хонавода дар ҳамин шаҳранд.

Дирӯз дар Тоҷнюс Иззати Амон навишт, ки бояд ӯро дар назди Сафорати Русия дар Тоҷикистон ҷаноза кунанд, то ҷаҳониён донанд, ки ин кишвари демократӣ - чӣ кишварест, ки бо дастури сарвараш миллигароён сари муҳоҷиреро аз тан ҷудо мекунанд, ки заифу нотавон аст. Ва ин сарвар боз аз он ифтихор мекунад, ки заиферо посухи ассиметрӣ додааст.

Ва Абдулфаттоҳ Шафиев - журналисти тоҷик, суоломез хитоб мекард, ки «Чанд сари дигарро бояд бибуранд, ки Шумо дар фикри ин мардум шавед?"

Ва чашмам ба хабари дигар бархӯрд, ки чунин унвон дошт: Чин як шаҳрванди Русияро маҳкум ба қатл кард: ку Медведев, ки эътироз кунад? Ва муаллиф хулоса мекард: Тоҷикистон як халабони ҷинояткори русро ҷазо доданӣ шуд ва бо авфи президенташ мехост озод кунад. Аммо роҳбарияти он чунон шӯру мағале бардоштанд, ки гӯё Тоҷикистон ба Москав ҳамла бурда бошад. Аммо Чин на як, балки чандин шаҳрванди ӯро ба қатл маҳкум мекунад, вале дам аз даруни ин абарқудрат намебарояд. Бале, бояд миёни ин ду фарқ гузошт. Чин Тоҷикистон нест, ки Медведев ҷавоби ассиметрӣ дошта бошад. Посух ҳам диҳаду бинад!!!

Намехоҳам ҳарфам оҳанги сиёсӣ касб кунад ва муҷиби он гардад, ки боз ҷавоби ассиметрӣ диҳанд ва муҳоҷиреро сар зананд. Аммо наметавон бидуни сиёсат ҳам сухан гуфт. Акнун ин фазову ин вақт олуда бо сиёсат шуда ва ҳар ҳарфе мезанӣ, ҳамин оҳанг дорад.

Мегӯем, вақт аст, ки роҳбарияти кишвар ҷиддан сари дурнамои муносибат бо шарики стратегӣ бияндешанд. Аммо чӣ андешанд, аз домани кӣ гиранд, ки пуштибони сиёсиашон дар ин дунёи мардкушу занпарвар бошад? Тӯли бист соли истиқлолият ифтихороти мо забонӣ буд. Агар ин ифтихоре, ки президент бо тоҷик буданаш дорад, ақаллан, атрофиёнашро фаро мегирифт, мо бо ин ҳама қашшоқиву камбағалӣ метавонистем, ҳадди ақал, ниме аз мардуми гурҷӣ шавем, ки президенташ мегӯяд: Русия ба Гурҷистон дигар роҳ надорад! Вале банда боз дар ҳамон ҳарфи аввалам мондаам: президенти Тоҷикистон дар байни ҳамгинони худ, дар байни ҷумла вазирону раисонаш тани ТАНҲОСТ.

Аммо ин на ҳарфи охир аст. Аз чӣ тарсем, ки барои сари буридаи фарзандони азизи худ танҳо бо ирсоли як нотаи нотавон иктифо кунем ва садои эътирози худро баланд насозем? Магар Бахтиёру Бахтиёрҳо камтар аз он Ивану Иванҳои пивохӯри жӯлида дар лойю лойқаҳои бадбӯянд? Магар гумон кардем, ки як Иванро аз ҳабс раҳо кардем, ҷавоби ассиметрӣ бо ҳамин хотима ёфт? Акнун интизори зарбаҳои аз ин ҷонкоҳтар бошем, то билохира, ба хотири қасоси ҳамон Ивани жӯлида табаддулотеро тарҳрезӣ кунанд ва бори дигар кишвари ороми моро ба хоку хун кашанд?

Ва ё аз гуруснагӣ тарсем, ки моро нобуд месозад? Магар Худое, ки кирмро дар дили санг қут дод, бо мо нест?

Категория: Мухочирон | Просмотров: 1329 | Добавил: jurnal-vahdat | Теги: новости, Навҳае пеши сари буридаи муҳоҷири ҷ, 2011, jurnal-vahdat | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar