Категории раздела

Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
Ҷавонон
Сиёсат
Иқтисод
Ид ва Чорабиниҳо
Адабиёт ва Фарҳанг
Илм ва Дониш
Фарҳанг
Фарҳанг
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
Мухочирон
Ҷомеа
Ҷомеа
Варзиш
Минтақа
Минтақа
Ҷаҳон
Ҷаҳон
Новости
Спорт
Экономика
Энергетика и Промышленность
Политика
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
Проишествия
Праздники /Мероприятие
Наука
Образование
Международные
Отношения
Мигранты
Hi-Tech
Транспорт
Здравоохранения
Образование
Культура
Безопасность
Новости Сайта
Новости и Поздравления

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

18.222.120.133

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5915
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » 2011 » Декабрь » 29 » Холиқи Муҳаммадназар: «Вазир бо 2000 сомонӣ маош чӣ тавр қасру кӯшки 500 ҳазор сомониву якмиллиона месозад?»
13:05
Холиқи Муҳаммадназар: «Вазир бо 2000 сомонӣ маош чӣ тавр қасру кӯшки 500 ҳазор сомониву якмиллиона месозад?»
Холиқи Муҳаммадназар: «Вазир бо 2000 сомонӣ маош чӣ тавр қасру кӯшки 500 ҳазор сомониву якмиллиона месозад?»

Писарчаам баъд аз дарс чун ҳамеша вориди хона шуд. Аммо маълум буд, ки хеле хунук хӯрдааст. Либосҳояшро накашида, назди бухорӣ нишасту якбора ба модараш нигариста, бо овози баланд гуфт:
- Оча, пул те! Печкаи муаллима с
ӯхт!
- Кадом печка?- ҳайрон шуда, пурсидам ман.
-
Ҳамон печкае, ки синфамонро гарм мекард,- маҳзунона ҷавоб дод кӯдак.

Ин суханро на ягон хонандаи мактаби ноҳияи дурдаст, ки ба он дастрас кардани сӯзишворӣ душвор аст, балки хонандаи яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе мегуфт. Мактабе, ки то истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз тарафи шабакаҳои гармидиҳии Душанбе гарм карда мешуду инак, 20 сол аст муаллимон онро аз ҳисоби худу хонандагонашон бо бухориҳо гарм мекунанд. Шунидани суханони кӯдак, албатта, маро ба ҳайрат наовард ва ин дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон сухани нав нест. Вале аз ҳама чизи дардовар ва маҳзункунанда он аст, ки мо ҳамеша муаллимонро барои гирифтани пул аз хонандагон маҳкум мекунему чаро барояшон шароите муҳайё намекунем? Кӣ бояд синфхонаҳоро гарм кунад? Чаро Вазорати маориф дар баробари бо маоши хуб таъмин накардани муаллимон боз гарм кардани синфхонаҳоро низ ба дӯши омӯзгорон бор мекунад? Ин хеле аҷиб аст, вақте муаллима аз ҳисоби худаш ё шогирдонаш бухорӣ харида, синфхонаҳоро гарм мекунад.
Ҳар сол аз аввали баҳор то омадани зимистон телевизиони тоҷик он қадар тайёрӣ ба зимистонро тарғиб намуда, хабарҳое дар бораи сарфи ин қадар ва он қадар маблағ барои мактабҳо барнома пахш мекунад, ки ҳар тамошобин гумон мекунад тамоми мактабҳо бо сӯзишворӣ таъмин шудаанд, бахусус, мактабҳои пойтахт. Вале сад афсӯс! Чун ба асл менигаред, маълум мешавад, ки синфхонаҳо ҳама аз ҳисоби волидайн гарм карда мешаванд.
Агарчи имрӯзҳо бо нишон додани ҳисоботи оморӣ муаллимон ва табибонро аз ҳама пурфасодтарин нишон медиҳанд, вале банда бо овардани мисоли боло ва нишон додани ҳисоботи оморӣ муаллимон ва табибонро гунаҳкор карданӣ нестам. Зеро, ба ҳар ҳол, барои табиб осонтар аст. Новобаста ба он ки, ӯ аз бемор маблағе талаб мекунад ё не, ҳар бемор бо ихтиёри худ маблағи муайяне, ҳатман, барои муоина рӯи мизи ӯ мегузорад. Дар ин сардиҳо, ки 50 дарсади мардуми мо беморанд, дар назди дари ҳама касалхонаҳо ва ташхисгоҳҳо беморон навбат истодаанд ва духтур каму беш даромаде ба даст меорад. Аммо барои муаллим, ки даромади иловагие надорад, хеле душвор аст. Саволи матраҳ ин аст, ки муаллим чӣ кор кунад? Кӣ ӯро имрӯз ба ин ҳол расонид? Маоше, ки давлат барои ин қадар заҳмати муаллим ҷудо намудааст, барои якҳафтаина зиндагии оилавиаш намерасад. Бахусус, зиндагии муаллими мактаби миёна басо сангин аст. Муаллими мактаби олӣ метавонад донишҷӯи бесаводеро аз имтиҳону санҷиш гардонида, баъдан, бо гирифтани маблағе ба ӯ баҳо гузорад. Аммо муаллими мактаби миёна бо чунин маоши таҳқиркунанда чӣ кор бояд кунад?
Ин ҷо ҳатто сухан дар бораи он маблағе намеравад, ки талаба барои «печкаи муаллима» ва ё ягон чизи дигар медиҳад ва ман боварӣ дорам, ки ҳеҷ як падару модар аз ин саркашӣ намекунанд. Зеро муаллимро на худи ӯ, балки сохти имрӯзаи ҷомеа ба ин рӯз оварда расонид. Маҳз қадр накардани хизмати муаллим ва маоши пасту ночиз ба он оварда расонид, ки муаллимон мактабро тарк кунанд. Маҳз ҳамин маош ва дастгирӣ накардани муаллимон имконият намедиҳад, ки кадрҳои ҷавон ба мактабҳо ҷалб карда шаванд.
Як халта орд ҳоло дар шаҳри Душанбе ба 130-140 сомонӣ расидааст. Пас, муаллим чӣ гуна бо 300-400 сомонӣ дар мактаб рӯзи дароз кор кунаду фарзандони худро бо хӯрока ва пӯшока таъмин намояд? Чанд сол пеш маоши муаллимро гӯё якбора 30 фоиз баланд бардоштанд, вале натиҷа ҳамон шуд, ки на маош, балки ставкаи дарсии муаллим баланд шуда будаасту аз ҳисоби  зиёд кардани соати ставкаи корӣ маош баланд бардошта шуда будааст. Яъне Вазорати маориф рӯирост муаллимонро фиреб дода, бо ҳамон ҷойи камшудаи муаллимонро пур кардан хостааст. Масалан, дар замони то истиқлолият ва ҳатто то солҳои 2000-ум як ставкаи кории муаллим 14 соатро ташкил мекард. Ҳоло бошад, як ставкаи кории муаллим 20 соат аст. Давлат ба муаллим барои як ставкаи дарсиаш вобаста ба дараҷа ва собиқаи кориаш ба ҳисоби миёна, тақрибан, 300 сомонӣ маош медиҳад. Магар ин аз рӯи инсоф аст?

 Пештар барои роҳбари синф, тафтиши дафтарҳо ва ғайраву ва ҳоказо маблағ ҷудо мешуд. Ҳозир муаллим аз ҳамаи ин имтиёзҳо маҳрум аст. Мо ҳозир бо боварӣ гуфта метавонем, ки муаллими мактаби миёна эҳтиёҷмандатарин қишри ҷомеа аст. Ҳол он ки, солҳои пеш барои муаллим дар баробари маоши хуб имтиёзҳои зиёде дода мешуд. Ҳоло бошад, муаллим на маоши хуб мегирад ва на ба ӯ ягон имтиёзе дода шудааст. Баръакс, ҳама имтиёзҳои ӯ аз тарафи Вазорати маориф барҳам дода шуданд.

Дар кишварҳои дунё, ба истиснои Тоҷикистон, муаллим аз имтиёзҳои зиёде бархӯрдор аст. Дар баъзе кишварҳо ба муаллимон ҳатто дар баробари ҳарбиён барои ҷудо кардани манзил имтиёзҳои баробар дода шудааст. Инчунин, дар масъалаи истифодаи барқ, газ, хизматҳои коммуналӣ, нақлиёт ва ғайра дар замони Шӯравӣ ба муаллимон имтиёз дода мешуд. Ҳатто барои муаллимоне, ки ба деҳот кор мерафтанду ба тарбияи мактаббачагон машғул мешуданд, имтиёзҳои алоҳида дода мешуд. Чаро Вазорати маориф чунин имтиёзҳоро аз нав ба хотири ба мактаб ҷалб намудани омӯзгорони ҷавон ҷорӣ намекунад? Чаро ба муаллимон дар масъалаи истифодаи барқ, хизматҳои коммуналӣ баъзе имтиёзҳо надиҳем? Дар бораи имтиёз дар нақлиёт, албатта, чизе намегӯям, зеро нақлиёти мусофиркаши давлатӣ барҳам хӯрдаасту танҳо нақлиёти шахсӣ боқӣ мондааст ва ҳеҷ ронанда касеро бепул ба ҷое намебарад. 
Албатта, барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ ба муаллимон баъзе имтиёзҳо дода шудааст, вале ин имтиёзи додаи роҳбари давлат низ аз тарафи аксари роҳбарони ноҳияҳо мисли Фармони 622 мавриди иҷро қарор намегирад. JURNAL-VAHDAT

Нарху наво дар Тоҷикистон торафт боло меравад. Мо ба давлате табдил ёфтем, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ ба хориҷа вобастагӣ дорем. Ҳатто бинобар набудани обу техника дар замин низ кор карда наметавонем. Дар чунин шароити болоравии нархҳо, барои он ки муаллим аҳли оилаашро, ҳадди ақал, бо хӯрок таъмин намояд (албатта, ин ҷо хӯрдани гӯшт, шир, равғани зард истисно мешавад), на камтар аз 1000 сомонӣ зарур аст. Имрӯз дар тамоми ҷомеа мо муаллимро бо ришвахӯрӣ гунаҳкор мекунем. Аммо боре напурсидем, ки муаллим бо 300 сомонӣ маош чӣ тавр зиндагӣ кунад ва боз бо ин маош аҳли оилаашро таъмин намояд? Кадом вазири мо имрӯз аз 2000-2500 сомонӣ зиёд маош мегирад? Аммо чаро намепурсем, ки вазир бо 2000 сомонӣ маош чӣ тавр қасру кӯшки 500 ҳазор сомониву якмиллиона месозад? Оё боре сарчашмаи пайдоиши маблағҳои дар бунёди ин қасру кӯшкҳо сарфшударо мақомоти дахлдор пурсида бошанд? Мо муаллимро порахӯр мегӯем. Аммо бо маоши 2000 сомонӣ бе гирифтани пора сохтани чунин қасру кӯшкҳо оё барои вазирон имконпазир аст? Албатта, не. Фақат фарқ он аст, ки 10 сомонии барои "печкаи муаллима" медодаамонро мо ҳама медонем, вале он ҳазорҳо доллар, ки ба таври пинҳонӣ ба даст меоянду барои бунёди қасру кӯшкҳо сарф карда мешаванд, ба чашми мақомоти дахлдор наменамоянд.
Чӣ бояд кард, ки муаллими мо - мӯҳтоҷи мо набошад? Чӣ бояд кард, то хонандаи мактаб ҳанӯз аз синфи як пул бурдан ва ба муаллим доданро ёд нагирад? Чӣ бояд кард, то кӯдак аз зинаи аввали таълим порадиҳӣ ва баъдтар порагириро наомӯзаду фақат ба таълим фаро гирифта шавад? Чӣ бояд кард, то аз нав мо тавонем, ки муаллимро ба мактаб ҷалб намоем?
Роҳи аз ҳама ҳалпазир - нахуст, баланд бардоштани маоши муаллим аст. На даҳ фоизу бист фоиз бо роҳи зиёд кардани соати дарсӣ, балки бо роҳи кам кардани соати дарсӣ ва баланд бардоштани ҳадди ақали ставкаи кории муаллим ба ҳисоби миёна на камтар аз 1000 сомонӣ.

Дувум, шояд, имрӯз кам мактаберо дучор оем, ки волидайн барои таҳсили фарзандонашон ба роҳбари синф дар як моҳ 10 ва ё 20 сомонӣ кӯмак накунанд. Вале инро мо, албатта, пора гуфта наметавонем. Ин ҳадяи волидайн аст. Волидайн бо ин роҳ мехоҳанд ба гунае муаллимро шавқманд намоянду бо ин роҳ тавонанд, ки ақаллан, ӯро дар мактаб нигоҳ дошта, ба тарбия ҷалб кунанд. Пас, вазири маорифро зарур аст рӯирост эътироф намояд, ки имкони бо маоши хуб таъмин кардани муаллимро надорад ва аз волидайн хоҳиш намояд, ки мувофиқи имконият ба таври расмӣ ба суратҳисоби мактабҳо маблағи муайяне гузаронанд. Бояд ин маблағ на барои ободонӣ ва ё мизу курсиву «печкаи муаллим», балки махсус аз тарафи роҳбарияти мактаб ба маоши муаллимон зам карда шавад. JURNAL-VAHDAT
Ман боварӣ дорам, ки бо ин роҳ ба таври сунъӣ ҳам бошад, маблағи муаллимро қариб 100 фоиз баланд мебардорем. Масалан, имрӯз барои таҳсил дар гимназияҳои гуногун волидайн ноилоҷ аз 400 то 1000 доллари ИМА пардохт мекунанд, вале кӣ кафолат дода метавонад, ки сатҳи таълим дар ин гимназияҳо нисбат ба дигар мактабҳо хеле баланд аст? Агар барои зиёд кардани маоши муаллим кӯшиш карда, ҳадди ақали онро ба 1000 сомонӣ расонем, кадрҳои наву лаёқатмандро аз нав ба мактаб ҷалб мекунем. Он гоҳ хатмкардаи мактаби олии мо на ба муҳоҷират, балки рӯй ба мактаб меорад.

Категория: Сиёсат | Просмотров: 1386 | Добавил: jurnal-vahdat | Теги: Холиқи Муҳаммадназар: «Вазир бо 200, ахборот, tj, jurnal-vahdat, хабархои Точикистон, Вахдат, 2011, news | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar