Категории раздела

Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
Ҷавонон
Сиёсат
Иқтисод
Ид ва Чорабиниҳо
Адабиёт ва Фарҳанг
Илм ва Дониш
Фарҳанг
Фарҳанг
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
Мухочирон
Ҷомеа
Ҷомеа
Варзиш
Минтақа
Минтақа
Ҷаҳон
Ҷаҳон
Новости
Спорт
Экономика
Энергетика и Промышленность
Политика
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
Проишествия
Праздники /Мероприятие
Наука
Образование
Международные
Отношения
Мигранты
Hi-Tech
Транспорт
Здравоохранения
Образование
Культура
Безопасность
Новости Сайта
Новости и Поздравления

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

18.221.165.246

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5915
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » 2012 » Июль » 28 » Изҳороти маркази матбуотии ВМКБ
11:10
Изҳороти маркази матбуотии ВМКБ
Изҳороти маркази матбуотии ВМКБ

JURNAL-VAHDAT | 28.07.2012 | Тавре маълум аст, рӯзи 21 уми моҳи июли соли ҷорӣ аз тарафи гурӯҳи муташаккили ҷиноии Аёмбеков Толиб сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ генерал майор Назаров Абдулло Саъдуллоевич ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиаш ба таври ваҳшиёна кушта шуд. Гурӯҳи ҷиноятсодиркарда ба ҷои иштирок дар тафтишоти қонунии ин ҳодиса дастаи мусаллаҳ ташкил намуда, вазъиятро дар шаҳри Хоруғ муташанниҷ гардониданд. 

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо роҳбарии Раиси вилоят бо мақсади муътадил нигоҳ доштани вазъи таъмини амнияти аҳолии шаҳр ва барои ба таври осоишта ва дар доираи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаллу фасл намудани вазъи масъалаи мазкур бо истиқоматкунандагони шаҳри Хоруғ, аз ҷумла раисони маҳаллаҳо, фаъолони шаҳри Хоруғ, хешу наздикони гурўҳи зикргардида силсила вохўрию мулоқотҳо баргузор намуданд.
Вале ба ҳамаи ин саъю талошҳо нигоҳ накарда, роҳбари гурӯҳи мазкур бо ҳиллаю найранг теъдоди силоҳбадастонро дар атрофи худ ҷамъ намуда, ба тафтиши ҷиноят пойдории сохти Конститутсионӣ ва аз ҳама муҳимаш ба низоми давлат ва ҳаёти осоиштаи мардум таҳдиди ҷиддӣ ворид намуданд.
Дар натиҷаи амалиёти сохторҳои қудратӣ нисбати ин гурӯҳ 18 нафар шаҳрванд ба ҳалокат расиданд, ки 2 нафарашон аз байни аҳолии осоишта мебошанд. 2 бинои шахсӣ низ зарар дидааст.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда гурӯҳи Аёмбеков Толиб то ба ҳамин рӯз муқовиматро давом дода истодаанд. Ба мақсади пешгирӣ ва гуфтушунид бо гурӯҳҳои силоҳбадаст, гирифтани пеши роҳи амалиёти низомӣ ва зиёд нашудани талафоти ҷонӣ аз ҳисоби шахсиятҳои барумани диёр, солимфикрон ва онҳое ки ҳисси баланди ватандорӣ ва худшиносӣ доранд гурӯҳи босалоҳият ташкил карда шуд. Гурӯҳи кории босалоҳият бо миёнравии Раиси вилоят то имрӯз байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро пеш бурда, бо роҳбарияти сохторҳои кудратӣ вохӯрӣ ташкил намуданд.

Ҳамчунин, бо пешниҳоди гурӯҳ аз тарафи сохторҳои низомӣ баъзе гузаштҳо шуда бошанд ҳам, аммо гурӯҳҳои номбурда то ҳанӯз барои ҳалли мусолиҳатомези масъала кӯшиш накарда истодаанд.

Гарчанде ки оташбас эълон шуда бошад ҳам, барои бардоштани сангарҳо, дар ҳолати омодабош карор додани роҳҳои дохили шаҳр ҳанӯз ҳаллу фасл нагардида, барои ҳаёти осоиштаи мардуми Бадахшон монеаҳои сунъиро эҷод намуда, ба замми ин мардумро ба гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ даъват менамоянд.

Ба ҳолати имрӯза дар мавзеи Танги ноҳияи Шуғнон зиёда аз 70 адад мошинҳои боркаш, аз ҷумла бо маводи озуқаворӣ банд буда, ба таъминоти амнияти озуқаворӣ ва воридшавии молҳо ба бозори дохилии шаҳри Хоруғ мушкилиҳо эҷод карда истодаанд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба тамоми шаҳрвандони шаҳри Хоруғ ва мардуми солимфикри диёр муроҷиат намуда, таъкид менамояд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ба хусус Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҳаёти осоиштаи мардуми Бадахшон минҷумла сокинони шаҳри Хоруғ таваҷҷӯҳи хосса дорад ва аз сокинони шаҳр бори дигар хоҳиш ба амал меорад, ки дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва якпорчагии ватани азизамон саҳми арзандаи хешро гузоранд. Ин суханҳо бо тариқи гуфтӯгуи телефонии Сарвари давлат бо Раиси вилоят ва машварати ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон бори дигар исботи пурраи худро ёфтанд.

Бояд тазаккур дод, ки иқтисоди вилоят то 74 фоиз аз буҷаи ҷумҳурӣ вобастагӣ дорад ва эҷоди бесуботию ноамнӣ ба сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар халали ҷиддӣ ворид месозад.

Бо таваҷҷӯҳ ба гуфтаҳои боло аз ҳар як сокини солимфикри вилоят ҳоҳиш ба амал меорем, ки ба ҳар як овозаю дасисабозиҳои беасос бовар накарда, фирефтаи дуруғини ашхоси нотавонбин нагарданд.

Бояд хотирношон кард, ки дастгир намудани ҷинояткорон, халъи силоҳи гурӯҳҳои муташаккили ҷиноии шаҳри Хоруғ ягона шарти асосии пойдории сулҳу суботи вилоят аст. Ин талаботи қатъии риояи қонун ва низоми давлатдорист. Мақсади асосии оташбас ҳам аз ҳамин иборат мебошад.  
Дар моҳи мубораки Рамазон бори дигар даъват менамоем, ки дар оромии ҷомеаи мо ва сулҳу субот саҳмгузор бошед.

Барои равшани андохтан ба вазъи кунунии вилоят дар назди Макомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят телефонии боварӣ бо рақамҳои 93-600-03-21, 93-512-63-55 мунтазам фаъолият менамояд.

Маркази матбуоти Раиси вилоят 
Категория: Сиёсат | Просмотров: 902 | Добавил: jurnal-vahdat | Теги: Изҳороти, jurnal-vahdat, матбуотии, ВМКБ, маркази | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar