Категории раздела

Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
Ҷавонон
Сиёсат
Иқтисод
Ид ва Чорабиниҳо
Адабиёт ва Фарҳанг
Илм ва Дониш
Фарҳанг
Фарҳанг
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
Мухочирон
Ҷомеа
Ҷомеа
Варзиш
Минтақа
Минтақа
Ҷаҳон
Ҷаҳон
Новости
Спорт
Экономика
Энергетика и Промышленность
Политика
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
Проишествия
Праздники /Мероприятие
Наука
Образование
Международные
Отношения
Мигранты
Hi-Tech
Транспорт
Здравоохранения
Образование
Культура
Безопасность
Новости Сайта
Новости и Поздравления

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

3.133.144.217

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5915
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » 2010 » Апрель » 24 » Э. Раҳмон: Фурӯши иҷбории саҳмияҳо қатъиян манъ аст
14:44
Э. Раҳмон: Фурӯши иҷбории саҳмияҳо қатъиян манъ аст

Э. Раҳмон: Фурӯши иҷбории саҳмияҳо қатъиян манъ аст

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олиии Тоҷикистон эълом кард, ки харидуфурӯши иҷбории саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии Роғун "қатъиян манъ аст".

Дар иҷлосияи муштараки Маҷлиси Намояндагон ва Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ба манзури шунидани паёми президент бар иловаи вакилони мардумӣ, ҳамчунин раҳбарони вазоратҳову кумитаҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ, намояндагони сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ, раисони аҳзоби сиёсӣ ва фарҳангиён ҳузур доштанд.

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон тавассути чаҳор шабакаи телевизиони миллӣ мустақиман пахш шуд.

Соли рафъи пайомадҳои бӯҳрон

Раисиҷумҳур суханронии худро дар ин иҷлосия аз мавзӯи рафъи пайомадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ дар кишвар оғоз кард ва гуфт, зарари бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ба Тоҷикистон беш аз 1 миллиард сомониро ташкил додааст. Вале, ба қавли ӯ, Тоҷикистон мушкили бӯҳронро пушти сар мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон соли 2010-ро ҷорӣ соли бартараф кардани таъсири бӯҳрон номид. Вай гуфт, тайи се моҳи имсол ҳаҷми истеҳсолот дар ҳаҷми умумии буҷа афзоиш ёфтааст, ки нишонаи беҳбудёбии вазъи кишвар аст.

"Фурӯши иҷбории саҳмияҳо манъ аст"

Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми кишвар барои саҳмгузорӣ дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун изҳори ташаккур кард. Вай таъкид намуд, ки дар ҷараёни фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун набояд ба маҷбурсозӣ роҳ дода шавад.

"Тамоми роҳҳои иҷбории харидуфурӯши саҳмияҳо қатъиян манъ аст. Ман ба додситони кулл дастур додам ва ҳар нафаре, ки мехоҳад аз роҳи маҷбурӣ маблағи саҳмияро рӯёнад, дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт”, - афзуд ӯ.

Ҷаноби Раҳмон эълом кард, ки саҳмгузорӣ дар сохтмони Роғун бояд ихтиёрӣ ва озод сурат бигирад.




Вокуниш ба таҳаввулоти Қирғизистон

Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳаводиси Қирғизистон дар суханронии худ ишора кард. Вай хеле кутоҳ гуфт, ҳарчанд ин ҳаводиси дохили Қирғизистон буд, вале ин таҳаввулот наметавонад боиси нигаронии мо набошад.

"Мардуми Тоҷикистон як ҷанги дохилиро паси сар кардааст ва ҳеҷ гоҳ ҷонибдори ба ин монанд ҳаводис дар кишварҳои ҳамсоя нест", - афзуд ӯ.

"Изҳороти ман дӯстона аст"

Раисиҷумҳур дар мавриди ташвишҳои кишварҳои ҳамсоя дар хусуси сохтмони нерӯгоҳи Роғун гуфт, мо ҷиҳати мушаххас кардани вазъи фаннӣ ва экологии обанбори Роғун бо Бонки ҷаҳонӣ ва СММ гуфтушунид кардем ва бо хушӣ аз пешниҳодоти ин созмонҳо пазироӣ кардем, ки натиҷааш машғулияти коршиносони Бонки ҷаҳонӣ дар маҳалли сохтмони ин нерӯгоҳ мебошад.

Вай афзуд, "зарур аст, ки ҳамчунин вазъи обанборҳои тамоми кишварҳои минтақа бозрасӣ шавад. Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон аз захоири оби Осиёи Марказӣ ҳамагӣ ба 7 дарсади он дастрасӣ дорад. Мо изҳор медорем, ки ҷонибдори ҳалли мусбати ин масъала ҳастем ва ин изҳороти ман дӯстона аст".

Ришватхорӣ ва фасод

Як бахши аслии суханронии президент ба масъалаи ришватситонӣ ва фасод бахшида шуд. Президент ҷиддан таъкид кард, ки ниҳодҳои қудратӣ, ба мисли вазорати амният ва додситонӣ, ба сурати умум ниҳодҳои қудратии кишвар, барои худ як ҳалқае сохтаанд, ки дар ҳодисаҳои ришватситонӣ таъсирпазир нестанд. 

Вай гуфт, ки ба ин падида комилан хотима бояд дод, новобаста аз он, ки корманди қудратӣ ва ё ғайриқудратӣ ба фасод даст мезанад, ҳатман дар назди қонун ҷавоб диҳад ва ба ҷазо кашида шавад. Президент пешниҳод кард, ки таомми идороти Тоҷикистон ҷиҳати рафъи судхурӣ ва ришватситонӣ чораҳои амалӣ ҷӯянд.


Издивоҷҳои бармаҳал

Эмомалӣ Раҳмон аз издивоҷҳои бармаҳал ва афзоиши ҳодисаҳои фурӯпошии оилаҳои ҷавонон ёдовар шуд. Тайи панҷ соли ахир теъдоди талоқ дар байни оилаҳои ҷавон қариб ду баробар афзудааст ва яке аз сабабҳои аслии ин раванд бармаҳал хонадор кардани ҷавонон аст.

Вай пешниҳод кард, ки синни никоҳ аз 17 ба 18-солагӣ, яъне як сол боло бурда шавад ва дар ин робита дар қонунгузории Тоҷикистон  тағйирот ворид гардад.
Категория: Иқтисод | Просмотров: 1299 | Добавил: jurnal-vahdat | Теги: саҳмияҳо қатъиян манъ аст, 2010, ахборот, tj, jurnal-vahdat, Taj, новости, Э. Раҳмон: Фурӯши иҷбории, хабархо, таджикистан | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar