Категории раздела

Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
Ҷавонон
Сиёсат
Иқтисод
Ид ва Чорабиниҳо
Адабиёт ва Фарҳанг
Илм ва Дониш
Фарҳанг
Фарҳанг
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
Мухочирон
Ҷомеа
Ҷомеа
Варзиш
Минтақа
Минтақа
Ҷаҳон
Ҷаҳон
Новости
Спорт
Экономика
Энергетика и Промышленность
Политика
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
Проишествия
Праздники /Мероприятие
Наука
Образование
Международные
Отношения
Мигранты
Hi-Tech
Транспорт
Здравоохранения
Образование
Культура
Безопасность
Новости Сайта
Новости и Поздравления

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

3.135.219.166

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5915
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » 2011 » Ноябрь » 14 » Далелҳои раднашавандаи раиси Суди шаҳри Қурғонтеппа (сӯҳбати ихтисосӣ)
15:30
Далелҳои раднашавандаи раиси Суди шаҳри Қурғонтеппа (сӯҳбати ихтисосӣ)
Далелҳои раднашавандаи раиси Суди шаҳри Қурғонтеппа (сӯҳбати ихтисосӣ)

boboevХалабонҳои рустабор қасдан ҳарими ҳавои Тоҷикистонро рахна карда, ба ҷойи иқрор шудан ба гуноҳи худ, онро рӯйпӯш карданӣ шуданд, вале далелҳои шайъии ҷамъовардашуда, новобаста ба фишорҳои сиёсӣ ҳар судяро водор месозанд, ки гунаҳкоронро маҳкум созад. Ман дар назди виҷдони худ покам-мегӯяд Темур Гулбоевич Боев - раиси Суди шаҳри Қӯрғонтеппа.

 - Мӯҳтарам Темур Гулбоевич, асли қисса кадом аст? Оё сарнишинҳо Владимир Садовничий ва Алексей Руденко ҳангоми мурофиаи судӣ ба гуноҳи худ иқрор шуданд?

- Ҳаминро мебояд гуфт, ки халабонҳо аз фурӯдгоҳи шаҳри Кобул бе ягон иҷозатнома парвоз карданд. Онҳо инро нағз медонистанд, зеро шартномаи онҳо бо яке аз ширкатҳои афғонистонӣ бо номи «Сулрим фуд сервис», ки ба кашонидани бор дар дохили Афғонистон машғул буд, ҳанӯз дар моҳи феврал анҷом шуда буд. Аз ғайриқонунӣ фаъолият доштани тайёраҳои муттаалиқ ба ширкати «Ролкан Инвесменс ЛТД», давлати қонунии Афғонистон огаҳӣ ёфта буд ва онҳоро пайгирӣ доштанд.

Дар рафти мурофиаҳои судӣ, ки кушода мегузаштанд, онҳо талош карданд, ки гуноҳҳои содиркардаашонро рӯйпӯш карда, амалҳояшонро ба тарзи дигар шарҳ бидиҳанд, вале дар асоси далелҳои шайъӣ Садовничий Владимир Владимирович шаҳрванди давлати Русия ва Руденко Александр Виктрович шаҳрванди Эстония мувофиқи талаботи моддаҳои 218, 289, қисми 3, бандҳои «г» ва 335 қисми «д» ба мӯҳлати 10 солу 6 моҳӣ аз озодӣ маҳрум гаштанд. Бо назардошти қонуни авфи умум аз 20 - уми августи соли 2011 бошад, 2 солии мӯҳлати ҳабс кам карда шуд. Гуноҳи онҳо исботшуда аст.

-Шояд онҳо умед доштанд, ки аз кишвари дӯсти Тоҷикистон ба осонӣ раҳоӣ меёбанд?

boboev1 - Онҳо қасд карданд, ки бо кадом роҳе набошад ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фуруд меоянд ва он тарафи масъаларо роҳбари ширкат Палянов, ки нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз гаштаву дар пайгарди қонунӣ қарор дорад, ҳаллу фасл мекунад. Аз ин лиҳоз, бозпасгаштан ба фурудгоҳи Кобулро нахостанд. Фикр мекунам, таърихи хусусигардонии ин ду тайёра ва нақши онҳо дар дигар ҷойҳо боз маълум хоҳад шуд.

- Оё онҳо иҷозати фурӯд омадан ба фурӯдгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппаро дарёфт накарда буданд?

- Ҳақиқати кор ин аст, ки сарнишини тайёраи АН -72 4 NAS Садовничий Владимир, ки роҳбарии ҳарду тайёраро ба ӯҳда дошт, бо «Душанбе - контрол» дар алоқа шуда, иҷозати фурӯд омаданро мепурсад. «Душанбе - контрол» иҷозати фурӯд омаданро намедиҳад ва талаб мекунад, ки ҳар ду тайёра, ба Кобул бозгарданд. Ин талаби «Душанбе - контрол» қонунӣ аст, зеро ин тайёраҳо аз ҷониби маъмури системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ- КВД «Тоҷикнавигатсия»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд.

Баъди ин, Садовничий В. В. ба «Душанбе - контрол» хабар медиҳад, ки тайора нуқси техникӣ дорад ва боз иҷозати фурӯд омаданро мепурсад. Дар ин ҳолат «Душанбе-контрол» ғайр аз додани иҷозати фурӯд омадан дигар чорае надошт. Садовничий В. В. тариқи телефони дохилӣ ба Руденко А. В. тамос гирифта, ба ӯ маслиҳати дар тамос шудан бо «Душанбе -контрол» ва пеш овардани баҳонаи навбатиро медиҳад. Руденко А.В. бо баҳонаи надоштани сӯзишворӣ иҷозати фурӯд омаданро мепурсад. Дар натиҷа, тайёраҳо дар фурудгоҳи Қурғонтеппа фуруд омаданд ва ба ҳабси муваққатӣ гирифта мешаванд.

- Ҷониби Русия тавассути ВАО изҳор медорад, ки фурудоии тайёраҳо, бинобар нокифоя будани сӯзишворӣ маҷбурӣ буд ва тибқи қонунгузории байнулмилалӣ бояд қабул мешуданд. Санҷишҳои судӣ чӣ натиҷа доданд?

- Санҷишҳо дар ин самт ду моҳ идома ёфтанд. Мушахасс шуд, ки сарнишинони тайёраҳо бе доштани иҷозатнома ва бо додани маълумоти бардурӯғ ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро рахна кардаанд. Санҷиш ва хулосаи техникӣ дақиқ кард, тайёраи Владимир Садовничий ягон нуқси техникӣ надоштааст. Сӯзишвории он 2 тоннаю 900 литр ва тайёраи Алексей Руденко 4 тоннаю 500 литрро ташкил медоданд, ки барои бозгашт ба Афғонистон басанда буданд. Онҳо даъво доштанд, ки иҷозатномаи парвозро доранд, вале он тасдиқи худро наёфт. Онҳо иҷозатномаро пешниҳод карда натавонистанд.

mahbasТафтишот исбот кард, ки муҳаррики дохили тайёра соли 2010 -ум ба фурӯдгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа бо ду муҳаррики дигар ворид шуда буд. Тибқи рухсатнома онҳоро ба Арабистон бо мақсади фурӯш фиристода буданд. Ҳоло мегӯянд, ки муҳаррик ба онҳо ҳамчун қисми эҳтиётӣ хизмат мекардааст. Муҳаррик ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда надорад ва рақамҳояш асл (заводской,-русӣ) нестанд. Онҳо иҷозатномаи борро пешниҳод карданд, ки дар он ғайр аз ному насаби Садовничий В. В. чизи дигаре навишта нашудаасту умуман мӯҳру имзо надорад.

 - Банда, дар якчанд мурофиаҳои судӣ иштирок доштам. Адвокати гумонбаршудагон даъвои онро дошт, ки дохили тайёраҳо мансуб ба Тоҷикистон нестанд ва пурсидани ҳаргуна ҳуҷҷат дар ин маврид ғайриқонунӣ будааст. Шумо ба ин чӣ мегӯед?

-Даъвоҳои адвокат асоси қонунӣ надоранд. Мувофиқи қонун, бо ворид шудани хоҳ қатора бошад, хоҳ тайёра ба қаламрави як давлати дигар, он мавриди санҷиши кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти марбута қарор гирифта метавонад.

 -Темур Гулбоевич, дар қисме аз судҳо, ки моҳияти амниятӣ надоранд судяҳо акс бардоштану навор гирифтанро иҷоза намедиҳанд. Қисме то баромадани қарори суд пахш кардани ҳаргуна хабару гузоришҳоро халалрасонӣ ба рафти мурофиаи судӣ медонанд. Дар ин мурофиаи судӣ ба қавле «журналист» борида буд. Мурофиаи кушод хостаи шумо буд, ё чизи дигар?

- Банда ин парвандаи судиро маҳз худам ба душ гирифтам ва медонистам, ки баррасии судӣ намудану дайн кардани ҷинояти содирнамудаи шаҳрвандони дигар давлатҳо кори саҳл нест. Ба ҳамаи журналистон иҷозати иштирок дар мурофиаҳои судиро додем, то ки дар дохилу хориҷ бубинад, шунаванд, ки ягон кори мо ғайриқонунӣ нест ва буда ҳам наметавонад. Мутаассифона, қисме аз намояндагони расонаҳои хабарӣ хабару гузоришҳояшонро тарзе омода мекарданд, ки гуё мо ҳуқуқҳои халабонҳоро нодида мегирем. Инро ба виҷдони онҳо ҳавола мекунем.

-Ҳар чӣ ҳам набошад, ба ин қазияи судӣ пироҳани сиёсӣ пӯшонида шуд. Андешаи шумо ҳамчун содиркунандаи ҳукм дар ин маврид чист?

- Ҳангоми барраси парвандаи ҷиноятӣ мо ба гумонбаршудагон ҳамчун гумонбаршуда муносибат кардем ва дар охир қарори худро баровардем. Шахсе, ки ҷиноят содир кардааст дар куҷое набошад, мебояд мувофиқи ҷинояти содиркардааш ҷазо бигирад. Ҳақиқату адолати судӣ низ ҳамин аст. Омехтани ин парвандаи ҷиноятӣ бо сиёсат мутлақо хато аст. Онҳое, ки имону виҷдон доранд, маро мебояд дуруст дарк намоянд, ки ин ҳукми суд аз сиёсат фарсахҳо дур буд ва омезиши он ба сиёсат оқибатҳои ногувор дорад.

 -Темур Гулбоевич, сару садоҳое, низ ба гӯш мерасанд, ки гуё ду тайёраи мусодиранамудаи суд ба кадом як мансабдори болои Тоҷикистон зарур шудаанд. Ин фарзияи боваркарданӣ менамояд. Шумо ба ин чӣ мегӯед?

- Ин мутлақо хато ва тӯҳмати маҳз аст. Ба рафти мурофиаи суди ягон мансабдори тоҷик дахолат накардааст ва мусодираи тайёраҳо дар ёду хаёли касе ҳам набуд. Тайёраҳо мусодира шудаанд, агар соҳиб дошта бошанд, даъво пеш биёранд, бо роҳи қонунӣ ҳамааш ҳалу фасл шавад.

- Баррасии ин парванда бароятон вазнинӣ накарда истодааст, чун ВАО-и Русия, дишаб тӯҳматҳоеро ҳам нисбататон раво диданд?

- Ба ростӣ, 27 сол боз дар мақомоти судӣ кор мекунам, ки аз ин 18 сол вазифаи судягиро ба душ дорам, вале бори нахуст буд, ки чунин парвандаи серсарусадоро мавриди баррасӣ қарор додам. Бо назардошти воқеъиятҳои рӯз ин парванда чӣ мешавад, вақт муайян мекунад, вале ман мувофиқи қонун ҳукм содир кардаам ва инро дар назди ҷомеа бо сари баланд мегӯям ва дар назди виҷдону Парвардигорам ҳам пок боқӣ мондаам. Ин муҳимтар аст.

- Ташаккур, ба шумо муваффақият хоҳонам.

-Саломат бошед.

Сӯҳбати Давлати ШОҲЭЪТИБОР
Категория: Мухочирон | Просмотров: 1191 | Добавил: jurnal-vahdat | Теги: Суди шаҳри Қурғонтеппа (сӯҳбати ихт, ахборот, tajikistan, властей против мигрантов, новости, хабархо, news, Далелҳои раднашавандаи раиси, таджикистан | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar